Баъди итмоми ҳамоиш бахшида ба 20 солагии Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Дортмунди Олмон роҳбарони ҳаракатҳои опозитсионии тоҷик ва ҲНИТ ҷиҳати баргузории як нишасти машваратии махсус ба толори алоҳида рафтанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин нишасти махсус мухолифинро ба иттиҳод даъват кард ва эълон кард, ки баъди анҷоми ҳамоиш раҳбарони мухолифин ва фаъолони дигари ҳузурёфта дар ҳамоиш дар нишасти алоҳидае гирди ҳам хоҳанд омад.

Кабирӣ гуфт мухолифин ниёз ба ваҳдату ҳамкорӣ доранд ва бояд ҳарчӣ нисбати ҳамдигар то ин замон гуфтаанд, фаромӯш кунанд. Ӯ даъват кард ба ҷои тохтан ба ҳамдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бояд бо ҳам нишинанд, ҳарфҳояшонро бигӯянд ва дар фикри тарҳҳои муштарак бошанд.

Зимни суханронӣ  роҳбари ҲНИТ ба мухолифон пешниҳод кард, ки “Тарҳи чанд проекти муштаракро бояд кашид”

Нисбати нишасти махсуси мухолифон ҳар маълумоте агар рӯи даст омад ҳатман Паём.нет дар ихтиёри хонандагони худ вогузор хоҳад кард.

Андешаи шумо

Аввалин шуда андешаи худро нависед!

  Обуна  
Барои огоҳ шудан аз