29-30.11.2017

Ҳайати мо ба Отин (Афина) наздики субҳи 29 -уми ноябр ворид гашт. Ҳар кас аз ҳар шаҳри аврупоӣ ва бо парвозҳои гуногун. Пас аз чанд соат истироҳат дар меҳмонхона, барои мулоқот бо вакилони юнонӣ рафтем, то қабл аз мурофеа машваратҳое дошта бошем. Дар қаҳвахонаи таъйиншуда бо Александрос, Мария ва Дмитрос, вакилони юнонӣ ва мутарҷими афғонашон наздики як соат нишастем ва хулоса шуд, ки ман ҳамчун шоҳиди асосӣ бошам ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар дар сурати зарурат шоҳидӣ хоҳанд дод.

Аслан, рафтанам ба Отин то лаҳзаи охир зери суол буд. Вакили дифоъам ва аксарияти афроди огоҳ аз ниятам барои ширкат дар мурофеа тавсияашон барои нарафтан буд. Чун Юнон кишваре аст, ки таҷрибаи боздошт ва ҳабси нафарони зиёдеро бо дархости Интерпол дорад, ки Шоҳнаими Карим намунаи он буд. Воқеан, агар Шоҳнаими Каримро боздошт кард, чаро маро накунанд, ки ҳам дар руйхати Интерпол ҳастам ва ҳам Шоҳнаим »ҷиноятҳои» худро тибқи ривояти мақомоти Тоҷикистон »бо дастури ман анҷом додааст». Вакилони юнонӣ ҳам дар ҷавоб ба номаи вакили мо ҷавоби ошкор доданд, ки ҳеч кафолате барои боздошт нашудан вуҷуд надорад. Аммо, изҳор мекарданд, ки ҳузур ва шоҳидӣ таъсири калон дар парванда дорад.

Пас аз боздошти бародар Шоҳнаими Карим мушаххас буд, ки муносибати Юнон ба руйхати Интерпол аз кишварҳои дигари аврупоӣ фарқ мекунад. Ҳадди ақал, дар қисмати »тоҷикии» рӯйхат. Ин яке аз вежагиҳои Интерпол аст, ки ҳар кишвар муносибаташро бо ин созмон алоҳида танзим мекунад ва ҳеч меъёри ягона барои кишварҳои аврупоӣ вуҷуд надорад. Ин буд, ки Шоҳнаим ба Аврупо ворид шуд ва чанд кишварро бидуни кадом мушкилӣ гашт ва танҳо ҳангоми бозгашт дар Юнон боздошт шуд. Ҳол он ки аксари мухолифини сиёсии Туркия, ки мавриди пайгарди кишвари худ аз тариқи Интерпол қарор доранд, маҳз дар Юнон паноҳандагӣ мегиранд ва Юнон ҳеч кадоме аз онҳоро боздошт накардааст. Ахиран ду шаҳрванди туркро, ки дар Юнон паноҳандагии сиёсӣ доштанд, пулиси Олмон бо дархости Интерпол боздошт кард, вале бо дахолати Юнон раҳо шуданд. Ин буд, ки сафари ҳайати мо ҳам ба ин кишвари »пешбининашаванда» байни »хавфу раҷо» сурат мегирифт. Хавфи боздошт ва умеди озодии бародар Шоҳнаим. Тасмими ниҳоӣ ҳам ҳамагӣ чанд соат пеш аз парвоз гирифта шуд.

Мурофеа соати 12-и рӯз таъйин шуда буд. То ҳол нафаҳмидам, чаро 12. Маъмулан барои ҳама кишварҳо ин вақт истироҳати нисфирӯзӣ аст. Ин ҳам яке аз дигар вежагиҳои Юнон. Агарчи Юнон яке аз кишварҳои аврупоӣ ва яке аз гаҳвораҳои тамаддуни имрӯзаи ғарбист, мардумашро бештар шарқмиҷоз ёфтам. Хунгарм, дар муносибат содда ва як каме бепарво. Аз »юнониҳои Осиёи Марказӣ» номидани тоҷикон худдорӣ мекунам, аммо, юнониҳоро метавон роҳат »тоҷикони Аврупо» номид. Манзурам танҳо характери мардумаш аст, на он ки Юнон заъифтарин иқтисоди Иттиҳоди Аврупост, мисле, ки Тоҷикистон заъифтарин кишвари собиқ Шуравӣ аст.

Ба табақаи 5-ум бинои Додгоҳи Олӣ ворид шудан замон садои шинос ба гӯшам расид. Ба қафо нигаристам ва Шоҳнаимро дидам, ки бо пулиси ҳамроҳаш бо ханда чизҳое мегуфт. Он қадар машғули юнонӣ »сӯҳбат» кардан буд, ки то наздик шудан моро надида буд. Маълум ки инсон дар ду моҳ чӣ қадар як забони хориҷиро ёд мегирад ва он ҳам дар зиндон. Вале талоши ӯ барои гап задан бо забони юнонӣ қобили таҳсин аст.

Ба самти ӯ ҳаракат кардам ва он замон маро дид. Хост мисли ман оғуш боз кунад, аммо натавонист. Дастонаш бо завлона тарафи пеш баста буд. Ӯро ба оғӯш кашидам. Як лаҳза аз пеши назарам чеҳраи Сайидумар, Маҳмадалӣ, Зайд ва ҳама бародарони зиндонӣ гузашт. Гуё, ки ҳамаи онҳоро ба оғӯш кашида бошам. Ин ҳолат аз ҳамон лаҳзаҳоест, ки баён кардани он имкон надорад. Онро бояд эҳсос кард…

Пулис бо ханда ишора кард, ки бояд ҳаракат кунем. Аҷаб чархише дорад зиндагӣ. Ҳеч тасаввур намекардам, ки рӯзе Шоҳнаимро дар кишваре мисли Юнон бо дастони баста, вале чеҳраи хандон мебинам. Як каме сафедии мӯяш дар муқоиса бо ду моҳ пеш, ки дар Варшава дида будем, бештар шудааст, ҳамчунон ожангҳояш. Вале нигоҳаш, чеҳрааш ва табассумаш ҳамон аст, ки 30 сол пеш шинохта будамаш. Ҳамон Шоҳнаими устувор ва намоде аз афроди роҳбаргузида бо ҳама мушкилоту пешомадҳояш.

Дар толор ҳама ҷойҳои худро гирифтем ва мунтазири омадани ҳайати додгоҳ мондем. Бо истифода аз фурсат толори мурофеаро нигоҳ кардам. Чизи хоссе надошт. Мисли ҳар додгоҳи дигар. Магар ин, ки болои курсии судя акси Исои Масеҳ бо китобе дар даст овезон буд. Дақиқан ҳамон ҷое, ки дар толорҳои кишвари мо акси як нафари дигар аст. Нафаре, ки, даъвои бештар аз Исои Масеҳ дорад. Дар рубарӯи курсӣ ва минбари миёни толор, ҳамон ҷо, ки айбдоршаванда ва ё шоҳид баёнот медиҳанд, даруни сандуқчаи шишагин китоби »Инҷил» хобида буд. Ҳамоне, ки шоҳидон даст болои он қасам мехӯранд, ки дурӯғ нахоҳанд гуфт. Барои маълумот, Юнон мисли ҳама кишварҳои дигари аврупоӣ як кишвари дунявӣ аст. Албатта, бо фаҳмиши »ноқис»-и худ аз дунявият. Ҳамчуноне ки демократияро ҳам дар Аврупо, ба гуфти »демократ»-ҳои мо »нодуруст» тафсир ва амалӣ мекунанд, дунявияти инҳо ҳам вежагиҳои худро дорад.

Қозии парванда ва ду хонуми узви ҳайат бо хонуме аз Додситонии Кулли Юнон вориди толор гаштанд ва ҷойҳои худро гирифтанд. Барои мурофеа ду мутарҷим омода буд, яке русзабон ва дигаре форсӣ. Маълум гашт, ки айбномаи Шоҳнаимро Прокуратураи Генералии Тоҷикистон тариқи сафорати мо дар Москва ба Юнон фиристодааст ва бархе санадҳо русӣ омадаанд. Додгоҳи Олӣ тарҷумони русзабон ҳам омода кардааст. Аммо тасмим болои тарҷумони форсӣ шуд. Инсофан, тарҷумони афғон рафти мурофеаро, ҳадди ақал қисмати форсиашро, хеле хуб тарҷума кард.

Қозӣ инсони ботаҷриба менамуд ва зуд вориди масъала шуд. Бо як муқаддимаи кӯтоҳ ва шинос кардани ҳайати додгоҳ ба саволҳо шурӯъ кард. Саволҳои кӯтоҳ медод ва Шоҳнаим ҳам кӯтоҳу ором ҷавоб мегуфт. Албатта, бо як ҳаяҷони сабук, ки пинҳон карданаш осон набуд, бахусус дар аввали мурофеа. Суолу ҷавоби қозӣ бо Шоҳнаим маро ёди достон дар бораи Зоя Космодемянская бурд. Саволи аввал ин буд:

— Медонед, ки ҳукумати Тоҷикистон шуморо ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор муттаҳам мекунад?

— Бале, медонам. Вале, Ҳукумати Тоҷикистон дурӯғ мегӯяд.

Қозӣ қариб буд мисли ҳама табассум кунад, вале ёдаш омад, ки қозӣ аст ва бояд ҷиддӣ бошад. Қозӣ ба Шоҳнаим бештар саволҳои умумӣ медод, мехост дар бораи кишвари мо, вазъият ва ҳизб бештар бидонад. Он чизҳое, ки мешунид, барояш нав ва гоҳо хеле тааҷҷубовар менамуд.

Аммо саволҳои хонуми прокурор ба Шоҳнаим мушаххастар буд, мисли ҳар прокурори дигар. Бо вуҷуди он ки дар аввали сӯҳбаташ ишора ба сар задан ба чандин сайт оиди Тоҷикистон кард, эҳсос мешуд, ки маъулумоташ дар бораи Тоҷикистон умумӣ аст. Бештар дар бораи табиати ҳокимият ва сохторҳои давлатӣ пурсид. Муҳовараи ӯ бо Шоҳнаим хеле ҷолиб буд:

— Президенти шумо чанд сол боз сари қудрат аст?

— 25 сол.

— Чигуна сари қудрат омад? Интихобот ё шакли дигар?

— Дар натиҷаи ҷанг ва бо зӯри силоҳ. Баъдан бо интихоботҳои тақаллубӣ қудраташро дароз кард.

— Қонуни асосӣ чӣ мегуяд? Магар маҳдуд намекунад?

— Ӯ қонуни асосиро чанд бор барои дароз кардани қудраташ тағйир дод.

— Ман нигоҳ кардам ба матни Конститутсияи шумо дар интернет. Онҷо маҳдудияте ҳаст барои муддати президентӣ.

— Барои дигарон маҳдуд аст, на барои вай. Ӯ соли гузашта қонуни асосиро боз тағйир дод ва ҳаққи як умр президент буданро пайдо кард.

— Агар шумо ба ватанатон баргардонида шавед, онҷо муҳокимаи озод сурат мегирад?

— Ҳеч гоҳ. Дар мо судҳо озод нестанд.

— Чаро? Судяҳоро кӣ интихоб мекунад?

— Ҳеч кас. Онҳоро президент таъйин ва озод мекунад.

— Чи хел?

— Ҳамин хел.

Хонуми прокурор қаламашро болои миз каме бо зарб гузошт ва гуфт: Ман дигар савол надорам.

Мисле, ки барои ӯ ҳама чиз равшан шуда буд.

Қозӣ ба бародар Шоҳнаими Карим иҷозати нишастан дод ва маро даъват кард. Гуфт, дар мо шоҳид бояд додгоҳро бовар кунонад, ки танҳо ҳарфи рост мегӯяд ва шумо метавонед бо яке аз китобҳои муқаддас қасам бихуред. Гуфтам, агар инҷо Қуръон доред, омодаам бо он қасам бихӯрам. Қозӣ гуфт: инҷо надорем, вале ҳамин омодагии шумо барои мо кофист.

Солҳоро аз ҳизб оғоз кард:

— Ҳизби шумо оё то экстремистӣ эълон шудан сабти расмӣ дошт ё не?

— Бале. Яке аз 8 ҳизби расмӣ буд ва дар парлумон 15 соли ахир ҷо дошт.

— Кай аз Тоҷикистон берун рафтед?

— Марти 2015.

— Бо чӣ ҳадаф?

— Барои ширкат дар конфронси байналмилалие дар Малайзия.

— Чаро ба кишвар барнагаштед?

— Ҳангоми дар сафар будан Прокуратураи Генералӣ тавассути расонаҳо эълон кард, ки нисбати ман айбнома эълон шудааст.

— Ба чӣ ҷурм?

— Бо айби он, ки 16 сол пеш як моликияти худро ба дигар кас гуё нодуруст фурӯхтаам.

— Агар мегаштед чӣ мешуд?

— Он чизе, ки сари раиси ҳизби “Тоҷикистон нав” Зайд Саидов, омад. Яъне, ҳабси тълонӣ. Ӯ ҳам дар хориҷ буд, вақте зиддаш иттиҳом эълон карданд ва хост баргардад ва дар суд бегуноҳии худро исбот кунад. Бо далелҳои сохта 29 сол зиндонаш карданд.

—  Ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои дигари аврупоӣ низ истирдоди шуморо дархост кардааст?

— Бале. Вале ҷавоби рад гирифтанд ва ба таври расмӣ.

— Санаде доред, ки истирдоди шумо расман рад шудааст?

— Бале, нусхаи санадро метавонед аз вакилон бигиред.

— Санаде доред, ки ба шумо кишваре паноҳандагии сиёсӣ додааст?

— Бале.

— Ҳодисаи 4-уми сентябр чӣ рабте ба ҳизби шумо дорад?

— Ҳеч. Ҳанӯз 5-уми сентябр Шӯрои Сиёсии ҳизб бо изҳороте расмӣ ҳуҷуми мусаллаҳонаро маҳкум кард. Нусхаашро дар таърихи зикршуда метавонед аз интернет пайдо кунед.

— Пас чаро ҳукумат ба ҳизби шумо ин ҳодисаро мепайвандад?

— Чун ҳеч далели дигар барои бастани ҳизб надошт. То ин ҳодиса тамоми дафтарҳои моро хароб карданду бастанд, моликиятамонро мусодара намуданд ва талаб карданд, ки мо довталабона ҳизбро баста эълон кунем. Мо ин корро накардем. Моҳи августи соли 2015 Вазорати адлия номаи расмӣ фиристод, ки бояд анҷуман нагузаронем ва ҳизбро бандем. Мо дар ҷавоб номаи расмӣ фиристодем, ки фаъолияти худро идома хоҳем дод ва касе ҳақ надорад моро бандад. Дар моҳи август дафтари марказии моро бастанд ва ҳизб ба манзили истиқоматии ман дар ш. Душанбе кучид. Ин боиси нороҳатии бештари ҳукуматдорон гашт ва фишорро бештар карданд.

— Дафтарҳои ҳизбро дар асоси чӣ мебастанд? Бо қарори суд ё кадом ниҳод?

— Ягон қарори суд вуҷуд надошт барои бастан. Масалан, бинои ҳизби моро дар ш. Хуҷанд бо қарори раиси шаҳр бо техника вайрон карданд. Гуё онҷо тибқи нақшаи генералии шаҳр сабза мекоранд. Дар ҳоле, ки дар дохили он ҷаласаи мо идома дошт ва ман худам онҷо ҳузур доштам. То имрӯз ҳамон бино нимавайрон истодааст. Ҳамин тариқ дигар биноҳо ва дафтарҳои ҳизбро. Мақсад маҷбур кардан буд, то худамон фаъолиятро қатъ кунем. Дафтари марказиро ҳам бо қарори як ниҳоди иҷроияи дигар бастанд, на суд.

— Ҳамкори шумо гуфт, ки агар ба ватан фиристода шавад, додгоҳи одилона баргузор нахоҳад шуд. Назари шумо чист?

— На танҳо додгоҳ одилона намегузарад, ӯ ҳатто вакил гирифта наметавонад.

— Чаро?

— Чун, ки вакилон метарсанд. Ҳама вакилони зиндониҳои сиёсӣ, ки мехостанд вазифаи худро аз рӯйи қонун ва виҷдон анҷом диҳанд, худ зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла, вакилони зиндониҳои мо Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Ҷамшед Еров. Пеш аз инҳо Шуҳрат Қудратов, вакили дигари зиндониҳои сиёсӣ ҳабс шуд.

— Бо чӣ айб онҳоро зиндонӣ карданд?

— Бо айбҳои сохта. Аммо, сабаби асли он буд, ки онҳо хабарҳои шиканҷа шудани зиндониҳо ва сохтакориҳои мақомот дар парвандаҳоро ба ҷомеа расониданд. Барои мисол, Ёров пас аз мулоқот бо муовини ман Ҳусайнӣ изҳор кард, ки ӯро сахт шиканҷа кардаанд. Чун ӯ пешниҳоди мансабро дар ивази баёнот зиди ҳизб напазируфтааст. Баъди чанд рӯз худи вакил бо айбҳои сохта ҳабс шуд ва 29 сол ҳукм гирифт. Вакили дигар Ҷамшед Еров маҷбур ба фирор аз кишвар гашт.

Прокурор гуфт, чанд савол дорад:

— Ман ба хотири таёрӣ ба мурофиа каме маълумот дар бораи кишвари шумо ҷамъ кардам. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои ҳамсоя вазъи шумо оромтар буд ва ҳеч нишонаҳое аз экстремизму терроризм онҷо нест. Чаро ҳукумати шумо хеле зиёд дар бораи хатари экстремизм ва терроризм сӯҳбат мекунад?

— То, ки мардум дар бораи озодӣ ва ҳуқуқашон суҳбат накунанд. Бо баҳонаи хатари экстремизм камбудиҳои худро назди мардум бипӯшонад. Мухолифинро саркуб кунад.

— Шумо вазъи амниятии кишваратонро чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Фикр мекунам ҳанӯз ҳам хатари ҷиддии экстремизм дар кишвари мо вуҷуд надорад. Аммо, агар ин сиёсатҳо идома ёбанд, эҳтимол дорад бештар шавад.

Нуқтаи ҷолиб ин буд, ки хонуми прокурор пас аз саволу ҷавоб чанд ҷумлае дар бораи фарқияти ҲНИТ бо дигар ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла, Ҳаракати исломии Узбекистон гуфт. Ӯ ҲНИТ-ро дар асоси таҳлили коршиносони бонуфузи хориҷӣ як ҳаракати мӯътадили сиёсӣ номид. Мутолеа кардани матлабҳои таҳлилӣ қабл аз мурофеа дар бораи мавзӯъи парванда аз тарафи прокурор ва истифодаи он дар рафти мурофеа, воқеан як амри нодир ва шоистаи таҳсин буд.

Қозӣ гуфт, ки аз нигоҳи ӯ масъала хеле равшан аст ва шояд ниёз ба шоҳиди дигар набошад. Шоҳидони дигар ва вакилон ҳам ба фикри ӯ розӣ буданд ва қабл аз рафтан ба хонаи машварат, ӯ аз Шоҳнаим пурсид:

— Дар охир гуфтание доред?

— Танҳо гуфтаниам, ки ин иттиҳомот ҳама дуруғанд ва аз додгоҳ мехоҳам, ки маро ҳамин рӯз озод кунад.

Вакилон дифоъ бастаи номаҳо аз вакилони парлумони аврупоӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар, гузоришҳои донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ дар бораи вазъи Тоҷикистон ва риоят нашудани адолати судӣ ва ғайраро ба дасти қозӣ месупоранд. Ҳайати додгоҳ барои ним соат ба утоқи машварат меравад. Вакилон бо табассум наздик мешаванд ва яке аз онҳо гуфт: шарҳи масъала хуб буд ва тақрибан барои ҳайат ҳама чиз равшан шуд. Шак надорам, ки қарор ба нафъи мо хоҳад буд. Пулис Шоҳнаимро ба утоқи махсус мебарад, вале ба дасташ дигар завлона намезанад. Мисле, ки ӯ ҳам чизеро дарк кард.

Пас аз ним соат ба толори суд бармегардем ва ҳайат ҳам ворид мешавад. Прокурор сӯҳбатро оғоз мекунад ва ба суд мегӯяд, ки парванда дар асоси иттиҳомоти умумӣ ва бедалел таҳия шудааст. Ягон далели мушаххас алайҳи айбдоршаванда нест. Ҳабс ва истирдоди айбдоршаванда дар асоси ин парванда мухолафат ҳам ба қонунҳои мо дорад ва ҳам ба санадҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла ба қарори Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар. Бинобар ин, ман тавсия мекунам, ки дархости ҳабс ва истирдоди ӯ рад карда шавад.

Чун мо одат кардаем, ки ҳамеша прокурорҳои худамонро дар нақши айбдоркунанда бинем, тааҷҷубовар буд, ки ӯ аз ҳаққи айбдоршаванда ва ҳуқуқи башар сӯҳбат мекард.

Қозӣ ҳам хеле кӯтоҳ сӯҳбат кард ва гуфт: дар асоси далелҳои мавҷуда дархости Прокуратураи Тоҷикистон дар бораи истирдоди шумо рад карда шуд ва шумо аз ҳабс озод мешавед.

Ҳамаро шодӣ фаро гирифт, ҳатто пулисҳо ҳам хурсандӣ мекарданд. Бо эҳтиром гуфтанд, ки то анҷоми расмиёт бояд Шоҳнаим ба ҷои худ баргардад ва як ё ду рӯз онҷо монад. Мо бисёр мехостем, ки ӯ ҳамроҳамон ба назди хонаводааш сафар кунад, вале тартибот бояд риоят шавад. Пас аз худоҳофизӣ, ӯ ҳамроҳи пулисҳо рафт ва баъд ёдамон расид, ки барояш каме гӯшти бирён ва нон гирифта будем. Аз шодиву хурсандӣ ёдамон рафтаст, ки бастаро ба ӯ бидиҳем. Яке аз вакилон ваъда дод ки фардо ба ӯ мерасонад ва мо тарафи фурӯдгоҳ ҳаракат кардем. Хоҳиши зуд аз Афина рафтан надоштем, аз шаҳри дӯстдоштанӣ бо он мардуми хубаш. Баъди озод шудани Шоҳнаим боз мардумаш гармтару ширинтар менамуд ва табиаташ зеботар. Яке аз ҳамроҳонамон гуфт:

»Ҷои хуб аст ва метавонем ягон рӯзи дигар ҳам бошем. Аммо, ёдамон наравад, ки Интерпол ҳам дорад».

Дар ҳавопаймо, ҳангоме ки матн тамом мешуд ва аз панҷара абрҳои сафеду осмони кабудро тамошо мекардам, ин суол ба зеҳнам омад, ки агар кишвари мо ҳам як кишвари мардумсолор ва ҳуқуқмеҳвар мебуд, оё чӣ қадар ҳамватанони мо ин лаҳза дар зиндонҳо неву дар озодӣ, назди хонаводаву дустон буданд?

Муҳиддин Кабирӣ

Парвози Афина — Варшава

 

Андешаи шумо

Аввалин шуда андешаи худро нависед!

  Обуна  
Барои огоҳ шудан аз