Дирӯз дар шаҳри Женева конфронси Geneva Summit for Human Rights and Democracy (Ҳамоиши Женева оид ба ҳуқуқи башар ва демократия) ба кори худ анҷом дод, ки дар он ҳайати муштараки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон бо ҳузури раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва узви Шӯрои марказии Анҷуман Темур Варқӣ ширкат доштанд.

Ин нишасти солона аз саросари ҷаҳон созмонҳо ва шахсиятҳоеро, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рушди арзишҳои демократӣ машғуланд, ҷамъ меоварад.

Мавзӯъи меҳварии нишасти имсола зиндониҳои сиесӣ ва мушкилоти онҳо буд, ки дар мисоли чанд кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Чуноне, ки баргузоркунандагони конфронс дар сӯҳбат бо аъзои ҳайати тоҷикон изҳор карданд, дар таърихи ин конфронс ҳеҷ гоҳ масъалаи зиндониҳои сиесии Тоҷикистон матраҳ набудааст ва бори аввал аст, ки исми зиндониҳои сиёсии ин кишвар ба рӯйхати маъруфтарин қурбониёни низомҳои худкома ворид мешавад. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ огоҳии бештаре аз вазъи сиесии Тоҷикистон,  мушкилоти зиндониҳои сиёсӣ, поймолшавии ҳуқуқи башар хоҳад дошт.

Ширкати ҳайати ҲНИТ ва АОТ дар конфронси ҳуқуқи башарҚобили зикр аст, ки исми Тоҷикистон байни 20 кишваре ҷо дошт, ки дар он шадид

тарин низоми саркӯбгар (репресивӣ) вуҷуд дорад ва зиндониҳои сиесӣ вазъи хеле бад доранд. Ҳамчун мисол ва рамзи ҳамаи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон акс ва номи вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров дар толори марказии конфронс ва наворҳои видеоӣ ба намоиши ъом гузошта шуда буд.

Яке аз суханронҳои асосӣ муаллиф ва роҳбари гуруҳи корие буд, ки рӯйхати маъруфи ‘’Магнитский’’- ро тартиб дода, то марҳалаи қабули он дар доираҳои байналмиллалӣ расонидааст. “Рӯйхати ’Магнитский” санади ҳуқуқии байналмиллалиест, ки шомили  сарсатхттарин душманони ҳуқуқи башар дар саросари олам мебошад ва нисбати онҳо таҳримҳои байналмиллалӣ сурат мегирад.

Маъмулан мансабдорон ва масъулоне, ки дар  шиканҷа, рабудан ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон даст доранд, вориди ин рӯйхат мешаванд. То ҳол кас

 

е аз Тоҷикистон расман дар ин рӯйхат нест, аммо исми чанде аз

мансабдорони тоҷик, ки дар шиканҷа, рабудан ва куштори шаҳрвандон, аз ҷумла, мухолифини сиесӣ даст доранд, метавонад вориди ин рӯйхат шавад.

Андешаи шумо

Аввалин шуда андешаи худро нависед!

  Обуна  
Барои огоҳ шудан аз