Ҳафтаи гузашта Интерпол эълон кардааст, ки Red Notice (Иттилоъи сурх) — огоҳӣ аз ҷустуҷӯи байналмиллалиро аз номи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бардоштааст.

Дар ин бора сомонаи созмони Defending the Human Right to a Fair Trial (Ҳимояи ҳуқуқи инсон ба баррасии одилонаи додгоҳӣ), ки расман ба ин кор машғул будааст, хабар медиҳад.

Баъди мамнӯъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва террористӣ эълон шуданаш аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти кишвар раиси онро ба рӯйхати Интерпол ворид карданд. Созмони DHRFT мегӯяд, ҳатто дарёфти мақоми паноҳандагӣ аз тарафи Кабирӣ дар яке аз кишварҳои Аврупо, мақомоти Тоҷикистонро аз талошҳояшон барои баргардонидани ӯ мунҳариф накард.

Соли гузашта Додситони кулли Тоҷикистон гуфт: “Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъи Наҳзати исломии Тоҷикистон дар рӯйхати Интерпол қарор дорад ва бояд дарҳол боздошт шавад. Вале баъзе кишварҳои аврупоӣ ба ҷои дастгир ва истирдод кардани ҷинояткорон, ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд”.

Fair Trials, нозири байналмиллалии адолати додгоҳӣ, ки барои бекоршавии ҳукми боздошти Муҳиддин Кабирӣ талош кард, ин ҳукмро “сӯъистифодаи ҳукумати худкома аз шабаки Интерпол” номидааст. “Интерпол сиёсати муайяни худро дорад, ки “Иттилоъи сурх” наметавонад бо ҳадафи сиёсӣ истифода шавад ва кишвар наметавонад гурезаҳоеро, ки дар кишварҳои дигар паноҳгоҳи сиёсӣ талаб кардаанд, ба ин рӯйхат ворид кунад. Вале бештар аз як сол лозим шуд, ки иттилоъи сурх аз номи Кабирӣ бардошта шавад” — омадааст дар байнияи ин созмон.

Раҳбари иҷроияи Fair Trials Яго Рассел гуфтааст: “Чанд сол Муҳиддин Кабирӣ аз таъқиби ҳукумати Тоҷикистон барои кӯшишҳояш ба озодии сиёсиву динии мардум дар кишвараш ранҷ бурд. Бисёре аз ҳамсафони ӯ боздошт ва зиндонӣ шуданд. Мо хеле хушҳолем, ки механизми беҳтаргардонидашудаи таҳияи шикоят ба Интерпол чуноне ки бояд кор кард ва Интерпол ба сӯъистифодаи Тоҷикистон аз системаи Red Notice “не” гуфт”.

Худи Муҳиддин Кабирӣ ба сомонаи ин созмон гуфтааст: “Мо чунин меҳисобем, ки ҳуқуқи инсон марбут ба ҳама ва вазифаи ҳаррӯза аст. Ва ҳимояи он ҳеҷ гоҳ осон набудааст. Мутаассифона кишварҳои худкома аз Интерпол сӯъистифода мекунанд, то фаъолони сиёсиро хомӯш созанд.

Сипос ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва махсусан ба Defending the Human Right to a Fair Trial, ки барои бештар шудани эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ба мурофиаи одилонаи додгоҳӣ ва ҳазфи иттилоъи сурх алайҳи гурезагони  сиёсӣ кор мекунанд”

Андешаи шумо

Аввалин шуда андешаи худро нависед!

  Обуна  
Барои огоҳ шудан аз