Берун шудани номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз рӯйхати пулиси байналмиллалии Интерпол бозтоби гуфтардае дар расонаҳои ҷаҳон доштааст.

Ҳарчанд расонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон ба ҷуз “Ахбор” ва “Озодӣ” аз ин иқдоми Интерпол “бехабар монданд”, маъруфтарин расонаҳои ҷаҳон аз он иттилоъ пахш карданд.

Reuters дар гузоришаш дар ин бора бо истинод ба худи Муҳиддин Кабирӣ навишт, ки раиси ҲНИТ гуфтааст нақша дорад эътилофи гурӯҳҳои мӯътадил, дунявӣ ва диниро таъсис диҳад, то бо роҳи осоишта ба тағйироти сиёсӣ дар қашшоқтарин кишври ҳамсояи Афғонистон даст ёбад.   

Ин расона ҳамчунин бо такя ба Алекс Мик, як мсъули созмони Defending the Human Right to a Fair Trial (Ҳимояи ҳуқуқи инсон ба баррасии одилонаи додгоҳӣ), гуфтааст ҳали сареъи масъалаи ҳазфи номи Кабирӣ аз рӯйхати Интерпол бинобар ислоҳоте  ба вуқӯъ пайвастааст, ки пулиси байналмилал ба хотири пешгирӣ аз сӯистифодаи кишварҳои худкома дар системааш ҷорӣ кардааст.

Le Lanceur-и Фаронса гуфтааст аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мухолиф будан дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ осон набудааст. “Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба қудрат расид, таъқиби густардаи мухолифонашро роҳандозӣ кард. Ӯ бидуни дудилагӣ аз Интерпол тавассути вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода, барои таъқиби мухолифонаш ва гузоштани “огоҳии сурх” барои онҳо сӯъистифода мекунад” — навиштааст ин рӯзнома.

Lanceur менависад: “Ҳамин вазири корҳои дохила тобистони соли 2016 лоф мезад, ки 342 ҳамватанашро дар рӯйхати Интерпол ҷой додааст, ки 80 дарсадашон “огоҳии сурх” доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориаш бо Интерполро ба дастгир кардани садҳо ҷанговар дар Давлати исломӣ рабт медиҳад”.

Ин рӯзнома бо истинод ба Дабирхонаи кулли Интерпол менависад, ки пулиси байналмилал ин иддаои Раҳимзодаро такзиб кардааст: “Интерпол шумори 342 “огоҳии сурх” барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ накард ва гуфт, ки танҳо 23 нафар аз Тоҷикистон зери ин огоҳӣ қарор гирифтаанд. Ин шуморро ҳамчунин шаҳрвандони Олмон доранд, ки аҳолиаш аз Тоҷикистон 9 баробар бештар аст”.

Хабари ҳазфи исми Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйхати Интерполро ҳамчунин нашрияҳои маъруфе чун The New York Times ва US News— Амрико, Radio Rfee EuropaVOAThe Peninsula-и Қатар, “Тасним”-и Эрон,  ва ғайра нашр кардаанд.

Аз расонаҳои минтақавӣ сомонаи Исламнюз, хабаргузории “Фергана” ва ғайра дар ин бора гузориш додаанд.

Андешаи шумо

Аввалин шуда андешаи худро нависед!

  Обуна  
Барои огоҳ шудан аз